Дониш андар дил чароги равшан аст иншо

Дониш андар дил чароги равшан аст иншо

Идоракунӣ ва услуби роҳбарӣ.

 

Нақша:

  1. Моҳияти идоракунӣ.
  2. Категорияҳои идоракунандагон, типҳои идоракунӣ.
  3. Мутафаккирони олам дар бораи идоракунӣ.
  4. Услуби роҳбарӣ.
  5. Саволҳо барои худсанҷӣ.

 

Моҳияти идоракунӣ.

Тадқиқотҳо дар соҳаи омӯзишу муайян кардани фанни педагогика нишон дода истодаанд, ки тарбия чун қисми таркибии ҷараёни идоракунӣ тадқиқ мегардад. Ҳатто мазмуни дар ҷамъияти ғуломдорӣ пайдо шудани калимаи юнонӣ «пайда»-бача, «гогос»-бонӣ кардан, низ маънои идоракунии бачаро дорад. Педагог И.Пулотов дар рисолааш «Асосҳои педагогикаи умумӣ» дуруст қайд менамояд: Идоракунанда лоиҳакаши фаъолияти идорашаванда ва муҳити ӯ, ҳимоятгар, ташкилотчӣ, тарбиядиҳанда, таълимдиҳанда, фармондеҳ, муфаттиш, нозир, мукофот ва ҷазодиҳандаи идорашаванда аст.

Идоракунӣ бо ду мазмун васеъ ва маҳдуд муайян шудааст: васеъ, яъне роҳбарӣ аз болои идорашаванда. Худи роҳбарӣ бошад, аз ҷараёни ташкил, назорат ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти идорашаванда иборат мебошад.

Маҳдуд-худидоракунӣ, ҳамдигаридоракунӣ, бозидоракунӣ.

 

Категорияи идоракунандагон.

Дар навбати худ идоракунандагон ба се категорияҳо тақсим карда шуданд: ҷамъиятӣ, гурӯҳӣ, фардӣ. Идорашавандагон ҳам ба се категорияҳо: ҷамъиятӣ, гурӯҳӣ, фардӣ тақсим карда шудаанд. Волидайнҳо нисбати фарзандон, омӯзгорон нисбати шогирдон, калонсолон ба хурдсолон, сардорон ба зердастон, давлат ба халқ, одамони ботаҷриба ба шогирдон ва ҳок.

Идоракунӣ бояд аз худидоракунӣ то ба худидоракунӣ ва ҳамдигаридоракунӣ расонида шавад.

Ҳамдигаридоракунӣ ҷараёнест, ки аз болои якдигар роҳбарӣ ташаккул меёбад, ҳамдигарфаҳмӣ ба роҳ монда мешавад.

Бозидоракунӣ фақат дар асоси интизоми нави меҳнат ба роҳ монда мешавад. Ин шакли идоракунӣ ба тариқи ҷамъиятӣ, гурӯҳӣ, фардӣ ҷараён мегирад.

Бозидоракунанда шахси соҳибмаълумот ва соҳибтаҷриба аст. Агар мо ба хелҳои идоракунӣ назар андоз, якчанд намуди онҳоро аниқ мегардонем: Табъи ҷисмонӣ, ақлӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ-меҳнатӣ, эстетикӣ-ҳаётӣ.

 

Мутафаккирони олам дар бораи идоракунӣ.

Одамони боақлу хирад, бояд идоракуниро сазовор бошанд, ҳокимият бояд ба ақаллияти «беҳтаринҳо» мутааллиқ бошад.

(Гераклит).

 

Фалсафа-таълимот дар бораи чӣ тавр бояд зистан аст.

(Суқрот).

 

…Юнонии озод аз ҷамъият ҷудо нест.

(Демокрит).

 

Одам мавҷудияти боақлу шуур аст, бинобар бояд дар рафтор ба ақли худ гӯш диҳад, одами боақл ҳам ба худ ва ҳам ба ҷамъиятфоида меоварад ва одамон ба одами боақл бовар мекунанд.

(Афлотун).

 

Ақлу хиради нек тарафдорӣ ёфтааст ва бо назардошти ин ақида одамонро ба ду гурӯҳ тақсим намудааст: Идоракунандаҳо ва идорашавандаҳо.

(Арасту).

 

Ян Амос Каменский.

Аз асари машҳури «Дидактикаи бузург» бармеояд, ки одамонро бояд дониш омӯзонд, асосаш аз таълимдиҳӣ иборат мебошад, яъне идоракунӣ ба фаъолияти донишомӯзониро мефаҳмонад.

 

Жон Локк.

Ақидаи баёнкардаи Ҷ.Локк дар бораи тарбия аз «рӯҳи солим дар тани солим» иборат аст, к ибо истифодаи он инсонро бо принсипи муайян, яъне аз хоҳиши худ даст кашида тавонистанро ҳамчун идоракунии бошуурона маслиҳат медиҳад.

 

Жан Жак Руссо.

Идеали асосӣ дар вай аз шахси озод ва фарди меҳнатдӯст иборат аст. Эҳтироми насли ҷавон, ки худ масъалаи идоракунӣ ва идорашавиро ба миён мегузорад.

 

Иоганн Генрих Пестолотси.

Ақидаи педагогии ин мутафаккири бузург аз тайёр будан, яъне тайёр кардани одам ба ҳаёт аз ҳама ҷиҳат иборат аст. Вай масъалаи ташкили оқилонаи таҳсилро бо меҳнат якҷоя пешниҳод кардааст.

 

Н.Ф.Гербарт.

Ин одам яке аз аввалинҳо шуда, ҷараёни идоракунии гурӯҳӣ ва фардиро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати идоракуниро аз асосҳои тартибот шуморид (таҳдид, назорат, муҳаббат).

 

Адолъф Дистервег.

Ин олим-педагог дар педагогика «Муаллими муаллимони немис» ном гирифтааст, ки худ гуфта буд: «Одам номи ман, немис лақаби ман мебошад». Дидактикаи Дистервег аз 33-қоидаҳои тарбиявию таълимӣ таркиб ёфтаанд, ки худ аз идоракунӣ шабоҳат медиҳад.

 

К.Д.Ушинский.

Падари педагогикаи рус ғояи халқиятро тарафдорӣ намуда навишта буд: «Тарбиятгари аввалин халқ аст ва ягон дигар қуввае нест, ки бо вай дар қувваозмоӣ ғолиб ояд».

 

А.С.Макаренко.

Ба хизмати беҳамтои ин педагоги номвар идоракунии коллектив вобаста мебошад (колонияҳои ба номи М.Горъкий ва Ф.Э.Дзерҷинский).

 

Дар ҳалли масъалаи идоракунӣ хизмати намояндагони адабиёти классики халқи тоҷик кам нест. Онҳо дар радифи педагогҳои барҷастаи халқияту миллатҳои дигар ақидаҳои беҳтарини худро баён намудаанд, ки бештар дар донишомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ фазилатҳои хуби инсонӣ инъикос ёфтаанд:

 

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

х х х

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

х х х

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

(А.Рӯдакӣ).

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

х х х

Касе, ки ба дониш тавонгар бувад,

Зӣ гуфтору кирдор беҳтар бувад.

(А.Фирдавсӣ).

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,

Камоли одамӣ дар илм бошад.

х х х

Тан ба ҷон зиндааст, ҷон зинда бо илм,

Дониш андар коми ҷонат гавҳар аст.

х х х

Дар ҳикмату илм аст ҷамоли тани мардум,

На дар хашм асту, на ҷанҷол асту, ҷамол аст

(Н.Хисрав).

Бани одам аз илм ёбад камол,

На аз ҳашмату ҷоҳу молу малол.

х х х

Агар рӯзӣ ба дониш дарфузудӣ,

Зӣ нодон тангрӯзитар набудӣ.

(С.Шерозӣ).

х х х

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

х х х

Накӯст аз касби дониш баҳравар шав,

Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав!

х х х

Зи дил сар занад сирри дониш нахуст,

Ки бар дасту по гардад дуруст.

(А.Ҷомӣ).

Хулоса, одоби идора аз бузургон омада, ки мавзӯи нави замон нест. Ҳама кор идора металабад. Бинобарон, мо бояд мавзӯи мазкурро аз маслиҳатҳои муфиди бузургони гузашта ҷӯем, ки ҳар як чизи кӯҳнаи гумшуда дарёфт карда шаваду барои кор муфид бошад, ин дар илми педагогикаи халқӣ бозёфти хуб ва чизи нав дониста мешавад.

 

Услуби роҳбарӣ.

Роҳбарӣ, яке аз душвортарин масъалаҳои ҳама давру замон буд ва ба ҳисоб меравад. Ҳар як соҳа ба худ хос услуби роҳбарикунандагӣ дорад. (мактаб, муассиса, корхона, ширкат, ҳарбӣ, гурӯҳи навозандагон, хор ва ҳок), чунки ҳамаи меҳнати якҷояи гурӯҳҳои хурду калон ба роҳбарӣ эҳтиёҷ доранд. Масъалан: дар синф-сардори синф, дар ташкилоти талабагӣ-сардори звеноҳо, дар гурӯҳи мактаби олӣ-сарвари гурӯҳ, дар корхона-сардорони бригадаҳо, сехҳо ва ширкатҳо. Агар идоракунӣ ҷараёни ташкили кор як таъсиррасонии ба мақсад мувофиқ бошад, роҳбарӣ-як қисми хурди фаъолияти идоракунӣ, яъне масъалаҳои таъсиррасонии ба зердастон дар ҳамин вақт ҳал карда мешавад.

Услуби роҳбарӣ ҳамаи роҳҳои таъсиррасонии роҳбар ба зердастон, инчунин шаклҳои иҷроиши онҳо мебошанд. Санъати роҳбарӣ дар он таҷассум меёбад, ки дар кадом вақт, куҷо, барои кадом коркунон, аз кадом намуди идоракунӣ (маъмурӣ, иқтисодӣ, ҷомеавӣ-психологӣ) истифода бурдан лозим, ки самаранокии кор ба роҳ монда шавад. Чунин муносибат муоширати кориро бо зердастон талаб менамояд, ки услуби роҳбарӣ номида мешавад.

Дар мамлакати мо шахсони роҳбарикунанда услуби роҳбарии шахсии худро доранд ва бо ёрии методӣ «Санҷиш ва иштибоҳ» таҷрибаи худро дар оянда пайдо мекунанд. Паҳншудатарин услубҳо дар ҷомеаи мо услубҳои маъмурӣ ва демократӣ мебошанд.

1.Услуби маъмурӣ:

— такя ба истифодаи методӣ, фармонфармоӣ;

— назардошти вазифа;

— алоҳидагии ҳалли масъалаҳо (якнафара);

— фишор ва ташаббус;

— назроати қатъӣ;

— аз хабарҳо дур ва аз овоздиҳӣ бенасиб;

— ба ҷазодиҳӣ моил;

— аз танқид озод ва тез сабукдӯш намудани номақ-булон;

— дар муошират сахтгап, дағалӣ ва фишороварӣ.

2.Услуби демократӣ:

— такя ба методи сотсиалӣ-психологӣ ва иқтисодии идоракунӣ;

— эҳтироми шахс;

— ваколати ҳамдигарфаҳмӣ;

— қарор бо назардошти ақидаҳои коркунон;

— ҳавасмандгардонии ташаббус;

— назорати нормалӣ;

— хабаррасонии пурра, истифода ва овоздиҳии пурра;

— майли ҳавасмандгардонӣ;

— қабули танқид;

— муоширати ҳамдигарфаҳмӣ, одоби хуб ва маданӣ.

 

Дар охир бояд гуфт, ки натиҷаи ҳарду услуби роҳбарӣ ҳоло муайян карда нашудааст ва ҳалли худро меҷӯяд, ҳарчанд дар ин соҳа номҳои тадқиқотчиён Курт Левин (ИМА), Лобанова Т.Н. ва Михайлов Я.В., Лайкорт У.Р., ва дигарҳо машҳур бошанд ҳам.

 

Саволҳо барои худсанҷӣ:

  1. Киро идоракунанда номидан мумкин?
  2. Ҳарду тарафи идоракуниро равшан намоед ба маънои васеъ ва маҳдуд, хелҳои он.
  3. Ҳамдигаридоракуниро чӣ хел мефаҳмед?
  4. Бозидоракунӣ чист?
  5. Кадом гуфтаҳои мутафаккиронро оид ба идоракунӣ медонед?
  6. Услуби роҳбарӣ кадомҳоанд?
  7. Аҳамияти гуфтаҳоро аз рӯи фаҳмиши худ кӯтоҳ баён намоед.

 

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:



Источник: www.avasto.tj


Добавить комментарий