Калонтарин давлат кадом аст

Калонтарин давлат кадом аст

Шири модар аз байн барандаи бемориҳои музмину шадид, мушкилиҳои равонию ақлонӣ ва ҷисмонӣ  мебошад. Дар ҳаёти  инсон  ҳазор рӯзи аввали зиндагиаш  заминагузор ба  ҳаёти минбаъдааш мебошад. Яъне ин давра аз рӯзи дар батн пайдо шудани ҷанин то 2- солагиро дар бар мегирад.

Барои он ки ҷанин солим  ба дунё ояд, модар кӯшиш намояд,  то ки ғизои солимро истеъмол намояд. Ба маслиҳати духтурон диққат карда, он моддае, ки организм аз он танқисӣ мекашанд, меъёрашро баробар намоед. Бештар модарон дар давраи ҳомиладорӣ ҳабҳое, ки таркибашон аз витаминҳои гуногун ва оҳан бой аст, таъин карда мешавад. Аммо ба хотири душвор будани истеъмолаш пинҳонӣ аз духтур аз хӯрдани он  даст мекашанд. Бехабар аз он ки ин амали онҳо барои ҳаёти якумрии фарзандашон пайомадҳои  ногуворро  ба бор меорад. Ногуфта намонад, ки норасогии оҳан, йод, туршии фолат, макро-микронутриентҳою витаминҳо таъсири манфии худро ҳатман  мерасонад. Набояд фаромӯш кард, ки кӯдаки то шашмоҳаро танҳо шири сина аз тамоми бемориҳо, махсусан аз бемориҳои сироятӣ, дарунравӣ ҳимоя  мекунад. Дар баробари ин, ба инкишофёбии нутқи равонию ҷисмонӣ мусоидат менамояд.  Баъд аз шашмоҳагӣ метавон ғизои иловагиро дод.

Ғизои иловагӣ  ва ғизои солим чист?

Ғизои иловагӣ барои кӯдакон баъди шашмоҳагӣ дода мешавад, ки дар қадамҳои аввал бояд аз як-ду қошуқ оғоз мекунем. Дар ҳафтмоҳагӣ як маротиба картошкаи кӯфташуда (пюре) ва 5-6 маротибаи дигар шири модар диҳед. Беҳтар аст, ки дар ин  маврид бо духтурони оилавӣ ва кӯдакона дар робита бошед, то ки ҳаёти кӯдакро аз камвазнию  камхунӣ раҳо намоед.  Аксарият ба он андешаанд, ки  он хӯроке, ки  меъдаро пур месозад, дорои витамину минералҳои зиёдатӣ аст. Вале  дар асл чунин нест, зеро табибе фармудааст, ки ғизои солим пурхӯрӣ нест, балки меъёри зарурии микроэлементу  моддаҳои ба организм зарурӣ мебошад. Масалан, барои миқдори муайяни  оҳан моро лозим аст, ки 23 кг кабудӣ истеъмол кунем. Ё ин ки барои йоди  лозимии шабонарӯзӣ 13 кг хурмо рост меояд, ки ҳеҷ гоҳ наметавон чунин миқдорро тановул кард.

Ғизои солим онест, ки дорои  микронутриентҳо, витаминҳо, карбогидратҳо, сафеда ва ғайраҳо мебошад. Вақте модар чунин ғизоро истеъмол мекунад, фарзанди солимақлу намунавӣ ба дунё меорад. Фарзанде, ки ояндаи як оила, як маҳал, як диёр ва билохира як кишвар аз ӯ вобастагӣ хоҳад дошт. Шуурнокӣ, ҳисси даркнамоӣ, таҳлили масъалаҳои мубрамро ба хубӣ ҳаллу фасл намуда, ҷомеаро ба дастовардҳо ноил мегардонад. Шояд хонанда аз он шикоят кунад, ки замонҳои қаблӣ кӯдакон дар ҳама шароит ба сар бурдаву  ҳаёти худро  бо ҳар роҳе набошад, пеш мебарад. Вале андеша надоранд, ки пас чаро ду писар дар як синф, аз як омӯзгор таълим мегиранду  ҳисси дарку фаҳмишашон  аз ҳамдигар фарқияти зиёд дорад. Сабаб дар чист? Норасогии ғизо…

Кӯдакатон қадпаст аст? Сабаб дорад…

Ғизои носолим шахсро ба қадпастӣ ва камвазнӣ оварда мерасонад.  Тифл дар батн аз модар моддаҳои заруриро  намегирад.  Вақте ба дунё  меояд, боз ҳам  мушкилии  норасогии  ғизои солим, хӯроки якранг, пуркунии меъда, бепарвогии модар ва аз шири сина маҳрум кардани ӯ яке аз омилҳои  асосии қадпастӣ ва камвазнӣ мебошад.

Тасаввур кунед, кӯдак бо норасогиҳои зиёд, аз ҷумла йод, оҳан, витаминҳо, туршии фолат, норасогиҳои микронутриентҳо  ва нодуруст инкишоф ёфтан ба камол расида, модар мешавад. Айнан бо ҳамон норасогиҳои доштааш  соҳиби фарзанд мешавад ва билохира унвони бибигиро мегирад.  Акнун ӯ наметавонад бо набераҳои худ чизи дақиқе нақл кунад, зеро ҳангоми  дар батни модар буданаш ва баъд аз он  норасогии ғизои солим  дар ҳаёту рӯзгораш вуҷуд дошт ва билохира камсаводӣ, камвазнӣ, қадпастӣ  “ирсӣ” мешавад, вале дар асл ирсӣ дар инҷо буда вуҷуд надорад.

Макро +микронутриентҳо ва камхунии модар

Ба гурӯҳи макронитриентҳо картошка, нон, биринҷ ва ғайраҳо дохил мешавад, ки он барои  пурқувват намудани фаъолияти зеҳнию ҷисмонӣ саҳмгузор  буда, кӯдакро дар раванди таҳсил серталабу фаъол мегардонад. Микронутриентҳо бошад, ду гурӯҳи калон дошта, хосияти ҳалшавандагӣ дорад. Ба ин гурӯҳ витаминҳо, йод, оҳан, чарбу, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра дохил мешавад.  Норасогии оҳан ҳам ба модар ва ҳам ба кӯдак  таъсири  манфӣ дорад.  Чил дарсади ҳолатҳои маргу мири модарӣ ба камхунии байни занон рабт дорад. Кӯдаконе, ки аз модари бемории камхундошта таваллуд мешаванд, 30-40 дарсади онҳо камвазн ҳастанд.

Норасогии оҳан ба бемории камхунӣ оварда мерасонад, ки кӯдаконро дар раванди камақлӣ, камқувватӣ, камвазнӣ ба воя мерасонад. Бояд тазаккур дод, ки муддати ду сол метавонед кӯдакро аз ин мушкилиҳо берун кард, вагарна он то охири ҳаёт ҳалношуданӣ боқӣ мемонад. Масъунияти баданаш паст шуда, ба муқобили  микробу  бактерияҳо мубориза бурда наметавонад. Ҳангоми таҳсил ба дарсҳо аҳамият намедиҳад, дарсгурез мешавад, аз ҳамсолонаш қафо мемонад. Сабаби асосӣ то муҳлати муайян нахӯрдани шири модар ва ғизои иловагӣ баъди шашмоҳагӣ мебошад.

Аксари модарон  бо сабаби он ки ширашон микроб дорад, кӯдакро аз ин неъмати бебаҳо маҳрум мекунад, ки нодуруст аст.  Оё дар ҳақиқат шир микроб дошта метавонад? Ба ин ва чанд муаммои вобаста ба ғизои солим дар шумораҳои минбаъда маълумот хоҳем дод.

Миқдори муайяни шабонарӯзии  оҳан барои организм

Синну сол Таъмини оҳан дар ғизо Миқдори шабонарӯзӣ Коэффисиенте, ки истеъмол мекунанд
Зани ҳомила 18-36 80 0,2 — 0,4
Мардҳои болиғ 25-52 13 2 — 4
Занҳои болиғ 18-36 21 1 — 2
Ҷавонон 30-60 21 1,5- 3
Духтарҳо 30-60 20 1,5 — 3
Кӯдакони  1-12 сола 48-95 22  2-4
Кӯдакони то яксола 33-66 67 0,5 — 1

Маҳинаи  Давлат

 

 

 



Источник: tajikistantimes.com

Читайте также
Вид:

Добавить комментарий