Модари ман бемор аст

Модари ман бемор аст

mother

Аз даврони кӯдакиам ба хотир меорам:-Баъзе вақтҳо, барои он ки аҳли оила ба ман аҳамияти хосса диҳанд, худро рӯякӣ бемор мекардам. Модарам бошад, рӯи болини ман омада:

 

 

Кароматуллоҷон ба ту чӣ шуд!?-гуфта андуҳгин мешуданд ва ин ба ман хуш меомад. Акнун, қариб ки ба камол расидаам. Кӯшиш мекунам, ки модарам дарду ғамамро набинад. Агар мабодо аз ягон дарде ташвиш кашам, намехоҳам, ки модарам аз ин даракдор бошад, чунки агар ман дардам якчанд бошад, ин барои модар садчанд фишор меорад. Аммо аз модаре, ки побанди фарзанд асту намехоҳад лаҳзае аз канори фарзанд дур бошад, наметавон ҳама чизро пинҳон кард. Боре воқеан бемор шудам, ҳам ҷисман азоб мекашидам ҳам рӯҳан. Рангу рӯям парида, иштиҳо надоштам. Медидам, ки вақти хӯрокхӯрӣ модарам бозавқ чизе омода карда, пешам меоварду мегуфт:

-Бубин хӯроки дӯстдоштатаро омода кардам.

Ман ҳам ҳарчанд кӯшиш мекардам, наметавонистам лоақал хотири хавотир накардани мордарам як луқмае ба даҳон барам. Модарам бошад табъаш хира шуда ҷавоб медод:

Бубин, агар ту нахӯрӣ, ман ҳам намехӯрам.

Дар бистари беморӣ баъд аз хобҳои кӯтоҳмуддат чашмамро мекушодаму манзарареро медидам, ки аз кушодани чашмонам пушаймон мешудам. Модарам лаҳзае аз болои сарам дур намешуд. Боре медидам, ки тасбеҳ дар дасташ чї дуое хонда суф мекард, бори дигар медидам, ки аз рӯям пашша меронад. Шабона ҳар гоҳе бедор мешудам, ӯро ғарқи китобхонӣ медидам ва асосан китобҳои дорои хусусияти шифобахшиву китоби дуоҳо. Ҳар гоҳе ҳолам бад мешуд, модарам хомӯшона ба дигар ҳуҷраи хона рафта, фарёд мекашиду овозаш паст-паст меомад. Ҳоло модари ман аз дунё менолад, борони дард ба сараш рехту хонаи хушҳолияшро сели андӯҳ хароб кард. Чуноне худаш менависад:

 

Дӯстон сайри гули лола равам,

Ба тамошои гулу сабза равам.

Се баҳор аст баҳор аз ман нест,

Сайри гул бар мазори деҳа равам.

Қабри Шаҳнозаи ман сабз шудаст,

Зиёрат марқади Вазира равам.

Вазираи шӯхи ман хомӯш аст,

Духтари дидадаро рӯпӯш аст.

 

Се баҳор аст баҳори модари ман нест. Се баҳори пайи ҳам, ки падару ду духтари арӯсашро аз вай гирифт. Бинобар ҳамин ман намехоҳам, дигар дарди фарзандашро дубора бубинад.

 

Маро модар халосам кун аз ин дунёи бераҳмӣ,

Нагӯ ҳоло ту барноӣ, нагӯ ҳоло намефаҳмӣ.

Ҳама андӯҳи дунёро ба чашмони худат дидам,

Чаро дунё фақат бо дард побарҷо!? –Нафаҳмидам!

 

Кароматулло Қурбонов

донишҷӯи соли сеюм



Источник: journalism.tnu.tj


Добавить комментарий