Нархи барк чанд аст

Нархи барк чанд аст

Ронандагонро якбора дарчанд рӯзи охир то 1 сомонӣ боло рафтан ва ба 7 сомонӣ расидани нархи як литри сӯзишвории дизелӣ, яъне солярка дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, афзоиши нархи сӯзишворӣ метавонад боиси боло рафтани нархи интиқоли бор ва роҳкиро шаванд.

Ба гуфтаи ронандагон, як ҳафта қабл арзиши солярка дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ то 6 сомонӣ буд ва ҳоло нархи ин намуди сӯзишворӣ қариб то 1 сомонӣ боло ҷаҳидааст.

Бино ба маълумоти ронандагон ва соҳибкороне, ки ба фурӯши сӯзишворӣ машғуланд, нархи солярка дар минтақаҳои Тоҷикистон гуногун буда, нархи он дар вилояти Суғд аз маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон то ба 1 сомонӣ фарқ доштааст.

Бо ин вуҷуд ки аз ҳама нархи арзон дар вилояти Суғд гуфта мешавад, аммо дар ноҳияҳои ин вилоят ҳам имрӯз қиммати 1 литр солярка то 6 сомониву 80 дирам боло рафтааст.

Ба гуфтаи ронандагон аз вилояти Суғд, масалан дар шаҳри Хуҷанд соляркаи «қирғиз” 6 сомониву 20 дирам ва соляркаи ширкати «Гарпром” 6 сомониву 70 дирам будааст. Дар шаҳри Панҷакент бошад арзиши сӯзишвории дизелӣ 6,70 – 6,80 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он, ба гуфтаиҳамсӯҳбатони «Ахбор” қиммати ин намуди сӯзишворӣ то ба 7 сомонӣ расидааст. Ронандагони вилояти Хатлон мегӯянд, дар ин вилоят нархи 1 литр солярка аз 7 сомонӣ боло рафтааст.

Чанд соҳибкоре, ки ба фурӯши сӯзишворӣ машғуланд, ҳангоми сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” омили асосии болоравии соляркаро ба воридоти ками он аз хориҷ марбут донистанд.

Соҳибкорон мегӯянд, воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз давлатҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Федетарсияи Руссия сурат мегирад.

Тайи 10 рӯзи охир воридоти сӯзишвории дизелӣ ба мамлакат кам гардид аз ин сабаб табиист, ки қиммати он ҳам боло меравад,– мегӯянд соҳибкороне ки ба тиҷорати сӯзишворӣ машғуланд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ҳар сол болоравии арзиши солярка дар фасли баҳор, ки мавсими кишту кор аст ба мушоҳида мерасад.

Болоравии нархи солярка дар ҳолест, ки нархи дигар намуди сӯзишворӣ аз ҷумла газу бензин ба ин суръат боло нарафтааст.

Яке аз ронандагоне ки аз Хуҷанд ба Душанбе бор мекашонад, дар сӯҳбат бо «Ахбор” гуфт, боло рафтани нархи солярка ронандагонро нигарон кардааст: «Бубинед, нархи солярка ин қадар боло рафта истодааст, лекин барои чӣ нархи роҳкиро боло намеравад? Мо, ронандагон, амалан ҳоло бар зарар кор карда истодаем. Агар чунин ҳол давом кунад, мо ҳам маҷбурем нархи роҳкироро бардорем. Ин ба навбати худ боиси боло рафтани нархи маҳсулот дар бозорҳо мешавад.

Дар Тоҷикистон асосан чанд ширкати бузург ба воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ машғул мебошад. Яке аз ин ширкатҳо ширкати «Фароз” аст, ки онро ба наздикони хонаводаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мансуб медонанд. Як ширкати дигари пештоз дар ин бозор «Умед-88” буд, вале баъди боздошти роҳбараш Раҷабалӣ Одинаев дар моҳи октябр ин ширкат тақрибан аз фаъолият бозмонда ва барои баргардондани 171 миллион сомонӣ қарзи вазорати молия амборҳо ва нуқтаҳои сӯхтфурӯшиашро ба фурӯш гузоштааст.

Ягона ширкати хориҷии таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ин ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон” мебошад, ки арзиши маҳсулоти он дар нуқтаҳои фурӯшаш назар ба дигар НФСҳои мамлакат нисбатан гаронтар аст.

 



Источник: orien.info


Добавить комментарий