Точикистон чи гуна давлат аст

Точикистон чи гуна давлат аст

Мутахассисони хадамоти «Максим» чӣ гуна будани ронандаи муқаррарии такси: номи ӯ, синну сол ва тамғаи автомобили ӯро нақл карданд.

Фирдавс – чунин аст номи аз ҳама маъмултарин дар байни ронандагони такси дар Тоҷикистон. 1,4% ронандагони такси чунин ном доранд. Фаррух дар ҷои дуюм буда, 1,2% ронандагони такси соҳиби чунин номанд. 1,1% ронандагони такси Алишер ном доранд. Ба даҳгонаи номҳои аз ҳама маъмултарин Шӯҳрат, Бахтиёр, Хуршед, Далер, Парвиз, Баҳодур ва Рустам низ дохил мешаванд.

Бештар дар такси ҷавонони аз 21 то 35 сола кор мекунанд, ки онҳо 74% аз теъдоди умумии ронандагони таксиро ташкил медиҳанд. Теъдоди ронандагони аз 36 то 45 сола хел кам аст, ҳамагӣ 17%. Ҳиссаи ронандагони то 65 сола бошад, 5% аст.

Аксар ронандагони такси бо мошинҳои шахсии худ кор мекунанд, ки бештар ин автомобилҳои санҷидашудаи тамғаи хориҷӣ мебошанд. Ҷои аввалро Opel Astra ишғол намудааст, ки бо он 31% аз теъдоди умумии ронандагони такси фармоишҳоро иҷро мекунанд. Mercedes C-class ба сифати автомобили такси камтар истифода бурда мешавад, ки 18% ронандагони такси онро меписанданд. Дар ҷои сеюм Opel Zafira қарор дорад, ки 11% ронандагони такси онро интихоб намудаанд. Ба қатори автомобилҳои аз ҳама маъмултарин Opel Vectra, Mercedes E-class, Toyota Corolla, Daewoo Lacetti, Toyota Camry, Hyundai Sonata ва Daewoo Nexia низ дохил мешаванд.

Ин омор дар асоси маълумот аз ду шаҳри калони Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд таҳия шудааст.

Ҳамин тавр, агар дар Тоҷикистон таксиро фармоиш диҳед, ба эҳтимоли зиёд ронандаи ҷавони то 35 сола бо номи Фирдавс савори автомобили Opel Astra барои иҷрои фармоиш меояд.



Источник: taximaxim.com


Добавить комментарий